23 апрели соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқоти хориҷии Токио (Tokyo University of Foreign Studies) семинари илмӣ дар мавзуи “Устувонаи Куруш: пайванди таърихии гузашта ва ҳозира – назари муосири Тоҷикистон” бо иштироки профессорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қабули қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” ва қатъномаи СММ оид ба эълон намудани соли 2027 “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” маълумот дода, нақш ва аҳаммияти ташаббусҳои болозикрро таъкид намуд.
Зимни суханрониҳо нақши тоҷикон дар таърих ва тамаддуни башарият, дастовардҳои Тоҷикистони муосир ба донишҷӯён муаррифӣ карда шуд.