Соли ҷорӣ Ҷашни Наврузи байналмилалӣ дар Подшоҳии Муттаҳида рузҳои 21 март дар шаҳри Кембриҷ, 28 март дар шаҳри Лондон ва 30 март дар шаҳри Глазго бошукуҳ таҷлил гирифта шуд. Дар доираи ин чорабиниҳо гушаҳои фарҳангӣ, суннатҳои наврузӣ ва таомҳои миллӣ ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд.
Дар ҳошияи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Кембриҷ 21 марти соли ҷорӣ мизи мудаввар дар доираи Форуми Донишгоҳи Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ барои рушди иқтисодиёти сабз бахшида шуда буд. Инчунин, рузҳои 28 ва 30 март барои ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамзабонон ва меҳмонони хориҷӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам ва Сафармуҳаммад баргузор гардид.
21 марти соли 2026 Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Париж бо иштироки ҳамватанон ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими Фаронса чорабинии идона баргузор намуд.
Силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Корея бошукуҳ таҷлил гардида, 21 марти 2026 дар Маркази фарҳанги Осиёи шаҳри Кванҷу , 22 марти 2026 дар боғи Туксони соҳили дарёи Хани шаҳри Сеул бо суруду мусиқии анъанавӣ ва рақси тоҷикӣ аз ҷониби ҳунармандони саршиноси кишвар ва бо пешниҳоди хони Наврӯзӣ, иборат аз Ҳафтсину Ҳафтшин ва таомҳои миллӣ доир шуд.
Ҳамзамон 24 марти 2026 дар шаҳри Сеул Форуми “Наврӯз–пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.
30 марти соли 2026 дар меҳмонхонаи “Grand Hotel”-и ш.Вена, дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои минтақаи Наврӯз ва маҷаллаи “Diplomatic Society”, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид.
4 апрели соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодон ва олимони донишгоҳҳои бонуфузи Туркия, ВАО-и бонуфузи кишвари иқомат аз қабили шабакаи телевизион ва радиои ТРТ, оҷонсии “Анадолу”, блогерони ватанӣ, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими ин кишвар иштирок намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan