29 марти соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҷашни ниёгони Наврӯз бо иштироки ҳамватанон ва шаҳрвандони Ҷопон бо расму русуми миллии тоҷикӣ таҷлил гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим иштирокчиёнро ба муносибати Соли нави аҷдоди - Наврӯз ва эҳёи табиат табрик гуфта, роҷеъ ба ҷашни Наврӯз ва мақоми он дар фарҳанги миллии тоҷикон маълумот дод.
Зикр гардид, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад ва маҳз бо ташаббусу иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварамон Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гаштааст.
Дар чорабинии Наврӯзӣ гӯша ва барномаи фарҳангӣ ташкил гардида, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ барои иштирокчиён пешкаш гардид.