17 марти соли 2026 бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи Ҳирошима ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо иштироки васеи профессорон ва донишҷӯён таҷлил намуданд.
Чорабинии Наврӯз-2026 дар Донишгоҳи Ҳирошима бо урфу одати тоҷикӣ ва бо муаррифии таърих, фарҳанг, тамаддуну анъанаҳо, либос, зардузӣ, бозиҳо ва хӯрокҳои миллии тоҷикӣ таҷлил гардида, инчунин маълумотнома оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар самтҳои сайёҳиву фароғатӣ, сармоягузорӣ ва обу энергетика барои меҳмонон ба намоиш гузошта шуданд.