Мулоқот бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон

03.03.2026 20:32

3-юми марти соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон хонум Эри Арфия баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф, амният, фарҳанг ва муҳоҷират баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот пайгирии тавофуқоти бадастомада зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон 19-20 декабри соли 2025, инчунин масъалаи иштироки ҳайати расмии Ҷопон дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (25-28 май, 2026) матраҳ гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg