Аз 22-уми январ то 1-уми феврали соли 2026 дар Маркази миллии санъати шаҳри Токиои Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии “Санъат бидуни марз - 2026” бо муаррифии корҳои рассомон ва мактаббачагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардид.
Бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон эҷодиёти мактаббачагони Тоҷикистон дар “Намоишгоҳи санъат бидуни марз-2026” муаррифӣ гардида, корҳои онҳо ба намоиш гузошта шуд. Мактаббачагони Тоҷикистон дар мавзуъҳои Ватан, фарҳанг, табиат ва манзараҳои зебои Тоҷикистон, анъана ва ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз ва Тиргон корҳои хешро анҷом додаанд, ки аз ҷониби ташкилкунандагони Намоишгоҳи "Cанъат бидуни марз-2026" ва Президенти Ассотсиятсияи байналмилалии SUMI ҷаноби Тоҳун Кобаяшӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Зимни суханронии хеш Президенти Ассотсиятсияи байналмилалии SUMI ҷаноби Тоҳун Кобаяшӣ аз муаррифии фаъолонаи эҷодиёти мактаббачагони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, барои мусоидат дар баргузории “Намоишгоҳи санъат бидуни марз-2026” ба ҷониби Тоҷикистон сипосгузорӣ намуд.
Инчунин бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон дар Маркази миллии санъати шаҳри Токиои Ҷопон дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Санъат бидуни марз - 2026” гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он он таъриху тамаддун, фарҳанг, кандакориҳо, китобҳо, либосу асбобҳои мусиқии миллии тоҷикӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва фароғатии Тоҷикистон барои иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ гардид.