25 феврали соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон ҷаноби Кейҷӣ Фуруя баргузор гардид.
Зимни мулоқот пайгирии натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон ва густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.