Мулоқот бо намояндаи Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон

20.01.2026 15:09

20 январи соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо муовини директори бахши таъминоти Раёсати захираҳои маъдании Идораи истеҳсолоти Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон ҷаноби Ҳоши Коҷӣ мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориро, ки мавриди таваҷҷуҳи муштараки ду кишвар қарор доранд, баррасӣ карданд.

Пайгирии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон (19–20 декабри соли 2025) ва иҷрои мувофиқоти ҳосилшуда зимни он матраҳ гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg