19 январи соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо директори генералии Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қавқози Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Фусато Танака баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои пайгирии натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон, густариши ҳамкориҳо дар самти илму маориф, саноат, иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг ва курсҳои бозомӯзӣ дар доираи барномаҳои JICA мавриди баррасӣ қарор гирифт.