27 июни соли 2025 дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким ва Комиссари генералии Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 ҷаноби Ҳанеда Коҷӣ бо ҳузури намояндагони мақомоти давлатии Ҷопон, корпуси дипломатӣ ва меҳмонон муаррифӣ гардид.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии ифтитоҳӣ оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар, дастовардҳо ва рушди устувори кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумот дода, аҳаммияти ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳонро таъкид намуданд.
Барпо намудани Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи EXPO-2025 дар шаҳри Осака дар Рӯзи ваҳдати миллӣ ифодагари рамзи сулҳу субот ва сарҷаъмии кишвар баҳри рушди пойдор аст, таъкид намуданд муҳтарам Холиқзода Ҳ.
Бахшида ба баргузории Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд.