26 июни соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Осакаи Ҷопон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Ҷопон бо иштироки доираи васеи намояндагони Палатаҳои савдо ва саноат ва ширкатҳои тоҷикистониву ҷопонӣ баргузор гардид.
Дар корӣ форум Муовини якуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух, и.в. раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода, Директори КВД “Тоҷинвест” Дилшод Ҷуразода, Директор ва Котиби генералии Палатаи савдо ва саноати шаҳри Осака Ҳиронорӣ Кондо иштироку суханронӣ карданд.
Дар фарҷоми форум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати шаҳри Осака Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.






