Боздиди муовини Котиби генералии Ассотсиатсияи Ҷопон аз павелиони Тоҷикистон

15.04.2025 02:22

14 апрели соли 2025 дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 муовини Котиби генералии Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба EXPO-2025 ҷаноби Ичинокӣ Манатсу аз павелиони Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим ва и.в. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар ба ҷониби ҷопонӣ павелиони кишварамонро муаррифӣ карда, оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар самти обу пиряхҳо, энергетика, маъданҳои табиӣ ва содироти маҳсулот маълумот доданд.

Зимни суҳбат баргузории намоишгоҳ ва омодагӣ ба Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg