21 январи 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо муовини Дабири кулли СММ, ректори Донишгоҳи СММ (UNU) Тшилидзи Марвала баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули афкор намуда, инчунин баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро (Душанбе, 29-31 майи 2025) мавриди баррасӣ қарор доданд.
