13 декабри соли 2024 Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо директори генералии Департаменти идоракунӣ ва дастгирии шаҳрвандони хориҷии Агентии Хадамоти муҳоҷирати Ҷопон Фукухара Нобуко мулоқот намуд.
Зимни мулоқот низоми муносиб барои эҳтимоли ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ҷопон баррасӣ шуд.


