6 декабри соли 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва Шӯрои мубодилаи дӯстии байналмилалӣ (The International Friendship Exchange Council – FEC) Форуми фарҳангии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Шӯрои мазкур Кен Матсузава, аъзои FEC, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва тиҷоратӣ баргузор гардид.
Дар баробари муаррифии имкониятҳои тиҷоратӣ ва сайёҳии кишвар, аҳаммияти рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар самтҳои маориф, фарҳанг, омода кардани мутахассисон ва инчунин таъриху тамаддун ва анъанаҳои халқи тоҷик таъкид карда шуд.