Мулоқот бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)

03.12.2024 05:31

2 декабри соли 2024 дар Дафтари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Доктор Акиҳико Танака баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопонро дар бахшҳои илм, маориф, инноватсия, табодули академикӣ, таҷриба, омода намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф, сафарбар намудани олимони ҷавон ҷиҳати омӯхтани таҷриба дар Ҷопон, обёрӣ, дастгирии соҳибкории хурд, роҳандозӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои JICA дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg