2 декабри соли 2024 дар идомаи сафар ба Ҷопон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Муовини Президенти Агентии илм ва технологияҳои Ҷопон ҷаноби Моримото Шигео мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар самти илм, маориф, табодули академикӣ, таҷриба, сафарбар кардани олимони ҷавон барои тадқиқотҳои якҷоя бо олимони ҷопонӣ ва омӯхтани таҷрибаву малака суҳбат намуданд.