30 ноябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио дар ҳошияи сафари кории Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷопон, бо донишҷӯён ва шаҳрвандони муқими Ҷопон вохӯрӣ барпо гардид.
Профессор Хушвахтзода Қ. оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани наслҳои ҷавони кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ суҳбат намуд.