8-9 ноябри соли 2024 дар Маркази саноат ва савдои шаҳри Токио Намоишгоҳи 5-уми EXPAT EXPO Tokyo 2024 бо иштироки ширкату созмонҳо, палатаҳои савдо ва саноати ҷопониву хориҷӣ ва Намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷопон баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон дар чорабинӣ иштирок намуда, гӯшаи фарҳангӣ бо имкониятҳои сайёҳиву фароғатии кишварро манзур намуд. Дар баробари ин имкониятҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии кишвар, маълумот оид ба иқтидори энергетии кишварамон муаррифӣ гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ, шаҳрдории Минатои Ҷопон, Кумитаи умумиҷаҳонии дастгирии сокинони хориҷӣ (Котибот: Innovent Co., LTD) ва дигар созмонҳо баргузор гардида, меҳмонони зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон аз он дидан намуданд.