8 ноябри 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Президенти Созмони ҳамкории Ҷопон оид ба таҷрибаомӯзон ва мутахассисони соҳибихтисос (JITCO) ҷаноби Ҳироаки Яагӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкорӣ ва дар зимн ташкили барномаҳои таълимӣ, забономӯзӣ ва ҷалби мутахассисони касбӣ аз Тоҷикистон ба Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифт.