5 ноябри 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо Муовини директори Ассотсиатсияи тиҷоратии Ҷопон (РОТОБО) ҷаноби Киойчи Сузуки баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили робитаҳои Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи тиҷоратии Ҷопон ва имкониятҳои ҷалби доираҳои тиҷоратии Ҷопон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.