Маърӯза дар Донишгоҳи санъат ва фарҳанги Шизуокаи Ҷопон

25.10.2024 07:37

24 октябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба Донишгоҳи санъат ва фарҳанги Шизуокаи Ҷопон (Shizouka University of Art and Culture) маърӯзаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим дар мавзуи “Таърихи куҳан ва давраи муосири Тоҷикистон” бо ҳузури устодону донишҷӯёни муассисаи таълимии мазкур барпо гардид.

Ф. Салим роҷеъ ба таъриху фарҳанги қадима, нақши Тоҷикон дар рушди тамаддуни башарият, мероси давлатдорӣ ва адабӣ, олимон ва шоирони тоҷику форс, даврони соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ саволу ҷавоб ва суҳбати озоди Сафир бо донишҷӯён баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg