9 сентябри соли 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони аршади мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, намояндагони ширкату ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои олии таълимии Ҷопон ҷашн гирифта шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим зимни баромади хеш дастовардҳо ва рушди устувори кишвар дар даврони соҳибистиқлолиро таҳти сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд. Аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон ва таҳкими муносибатҳои ду кишвар дар давраи истиқлолият ёдовар шуда, аҳаммияти тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба ва биёрҷониба бо Ҷопон қайд карда шуд.
Дар ин росто ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Императори Ҷопон Аълоҳазрат Наруҳито ба унвони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намудааст.
Барои ҳозирин гӯшаи фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуда, зиёфати расмӣ пешниҳод гардид.

















