23 июли соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар мулоқоти сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон хонум Йоко Камикава иштирок намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва омодагӣ ба нахустин Саммити сарони кишварҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.