Муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ

05.07.2024 02:26

4 июли 2024 бо ибтикори Ассотсиатсияи тиҷорат бо Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOБO) Муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар муколама намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноатӣ Ҷопон, роҳбарони кумитаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд.

Намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноатӣ Ҷопон, инчунин доираҳои тиҷоратии Ҷопон зимни баромадҳои хеш таваҷҷуҳи бесобиқа афзоишёфтаи тиҷорати Ҷопонро ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон зимни баромади хеш зарфиятҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, захираҳои табиии Тоҷикистон ва инчунин тавонмандиҳои инсонии кишварро таъкид намуд.

Дар хотимаи Муколамаи тиҷоратӣ, Изҳороти муштарак миёни сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ROTOBO ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg