Бизнес-семинари муштараки Cафорати Тоҷикистон бо Дафтари ЮНИДО дар Токио

09.02.2024 03:09

8 феврали 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари мусоидат ба рушди сармоягузорӣ ва технологияи СММ оид ба рушди саноат дар Токио (ITPO Tokyo, UNIDO) Бизнес-семинар оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони ширкатҳо, соҳибкорон ва сармоягузорони хусусии японӣ иштирок варзида, ҳамзамон ба смениар намояндагони вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар шакли маҷозӣ пайваст шуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷалолов семинарро ифтитоҳ карда, ба меҳмонон оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла самтҳои дурнамои ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Япония, имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон презентатсия ироа намуд. Муовини роҳбари Дафтари мусоидат ба рушди сармоягузорӣ ва технологияи СММ оид ба рушди саноат дар Токио Ҳидекӣ Муракамӣ низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, омодагии Дафтари худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамкории соҳибкорони тоҷикистониву японӣ иброз дошт.

Инчунин дар бизнес-семинар Сармудири бизнеси хориҷии ширкати Кокей Системз ҷаноби Коши Акао ва узви Шӯрои Нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» (Тоҷикистон), ҳамзамон Директори молиявии ширкати японии Gojo & Company, Inc ҷаноби Коҳей Катада дар бораи фаъолияташон дар Тоҷикистон маълумот дода, дар бораи ҷаззобият ва ҷанбаҳои қобили таваҷҷӯҳи сармоягузорони японӣ дар Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми бизнес-форум суолу ҷавобҳо байни роҳбари намояндагӣ ва иштирокдорони семинар сурат гирифта, ба меҳмонон дастархони миллӣ ороста шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg