Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Сафорати Тоҷикистон дар Япония

26.11.2023 02:51

25 ноябри 2023, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хондани дастаҷамъонаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳи хорсароёни Ассосиатсияи суруди миллии Япония доир гардид. Чорабиниро Сафири Тоҷикистон дар Япония ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо мӯҳтавои Суруди Миллии Тоҷикистон ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардонд.

Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин рӯнамову видеороликҳо дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва намунаҳои ғизоҳои миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg