Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи Интекс, Осака

18.11.2023 02:40

Аз 15 то 17 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Осакаи Япония ёздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи энергияи ҳушманд” баргузор гардид, ки дар он беш аз 190 ширкату созмонҳо маҳсулот, технология ва таҷрибаи худ бо технологияҳои ҳушманди сарфаҷӯӣ аз энергияро ба намоиш гузоштанд.

Дар таърихи баргузории ин намоишгоҳ аввалин бор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Кишварамонро ҳайати Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энержии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси ассотсиатсия Умархон Мадвалиев муаррифӣ мекунад.

Дар намоишгоҳ дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергияи сабз, аз ҷумла таҷрибаи кишварамон дар истифодаи нерӯи офтоб барои таъмини барқу обигарм дар шароити кӯҳистон, баҳодиҳии захираи манобеи офтобу шамол барои сохтани нерӯгоҳҳои бузурги офтобиву бодӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳо, пешкаш гардиданд. Мақсад аз ҳузур ва иштирок дар намоишгоҳ шиносоӣ бо дастовардҳои ҷадид дар бахши энергия ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи энергетикаи сабз дар Тоҷикистон номида мешавад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg