Вохӯрии Сафир бо донишҷуёни кишвар

30.08.2023 02:11

29 августи 2023 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов бо хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилро дар Япония бо Бурсияҳо барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) шурӯъ хоҳанд кард, баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин намояндагони JDS иштирок доштанд.

15 нафар хизматчиёни давлатӣ аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, молия, Саридораи геология, Агентии авиатсияи гражданӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Саноатсодиротбонк дар Донишгоҳи Ҳирошима, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ором ва Донишгоҳи Акита дар барномаҳои магистрӣ таҳсил хоҳанд кард.

Зимни суҳбат Сафир ба хизматчиёни давлатӣ муваффақият дар касби дониш таманно намуда, дар баробари таҳсил ва пажӯҳиши илмӣ, ҳамчунин ба омӯзиши забон ва фарҳанги Япония даъват кард.

Бо истифода аз фурсат, Сафир ба ҷониби Япония барои мусоидат дар рушди захираҳои инсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg