30 ноябри 2022 дар Токио, дар Дафтари марказии Бонки ҳамкории байналмилалии Япония мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Раиси Бонки ҳамкории байналмилалии Япония ҷаноби Ҳаяши Нобимитсу баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҳамкории байналмилалии Япония, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва ҷалби маблағҳои имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.