Имрӯз, 1 декабри 2022 дар Токио, дар ҳошияи Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ, мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуда, саҳми Бонки аврупоӣ дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар кишвари мо таъкид гардид.
Дар фарҷоми мулоқот роҳбари ҳайат ба роҳбарияти Бонк барои баргузории Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон намуд, ки ин ҳамоиш метавонад ҳамчун платформа барои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарки мутақобилан судманд гардад.