1 декабри 2022 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ зери унвони “ Эҷоди пулҳо барои рушди устувор” дар Токио, Япония ширкат намуд.
Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ (CAIF) бо ибтикори Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Ҳукумати Япония, Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Япония, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилӣ ва шарикони мизбон ташкил карда шудааст.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи пленарӣ иштирок карда, дар бораи дастовардҳои кишвар дар сӣ соли истиқлол ва рушди сиёсати ҷалби сармоягузорӣ сухан карданд. Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ роҳбари ҳайат ба суолҳо ҷавоб гуфтанд.
Дигар аъзои ҳайат дар панелҳои тахассусӣ иштирок ва суханронӣ карда, ба суолҳои иштирокдорони форум посух гуфтанд.
Дар қатори ҳайати расмӣ, инчунин шуморе аз соҳибкорони ватанӣ, ки дар форум ширкат доштанд, дар ҳошияи он бо ҳамтоёни японии худ гуфтушунидҳои корӣ баргузор намуданд.