2 декабри 2022 дар доираи сафари худ ба Токио Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Ҳаяши Йошимаса мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Японияро мавриди баррасӣ қарор доданд.