16 декабри 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов дар Донишкадаи омӯзишҳои фарҳанги шарқии Донишгоҳи Гакушини Токио дар назди профессорон ва муҳаққиқон дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои Тоҷикистону Япония, вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, имкониятҳои сармоягузорӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо бо маърӯза баромад намуд.
Дар баробари ҳозирини чорабинӣ, дар он ҳамчунин беш аз бист муҳаққиқу коршиносон аз гӯшаву канори Япония ва берун аз он ба таври маҷозӣ низ ҳузур доштанд. Пас аз фарҷоми маърӯза, Сафир ба суолҳои сершумори муҳаққиқон ва коршиносон посух дод.