Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонии намояндагони парламент оид ба аҳолӣ ва рушд дар Токио

25.04.2022 19:26

25-26 апрели 2022 ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мансурӣ Дилрабо дар Конфронси ҷаҳонии намояндагони парламент оид ба аҳолӣ ва рушд дар арафаи баргузории Саммити Ҳафтгонаи бузург "G7"-2023 (GCPPD2023) дар Токио, Япония иштирок намуданд. Ҳайати Тоҷикистон раёсати Форуми кумитаи оид ба корҳои ҷавононро дар ҷаласаи сеюм оид ба сармоягузорӣ ба ҷавонон ба зимма дошт.

Инчунин дар ҳошияи Конфронси мазкур мулоқоти муовини Раиси МНМО хонум Мансурӣ Дилрабо бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Япония ҷаноби Ҳироюки Ҳосода баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg