Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония

16.09.2023 09:00

16 сентябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Япония таҷлил гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов зимни суханронӣ ҳамдиёронро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд намуд, ки ин рӯйдоди бузург миллати тоҷикро баъд аз қарнҳо муҷаддадан соҳиби давлати соҳибихтиёр гардонид. Таъкид гардид, ки рушд ва дастовардҳои замони Истиқлол таърихан бесобиқа мебошанд ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg