Мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои об бо Ноиби Президенти JICA

25.09.2023 09:00

25 сентябри 2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа дар доираи сафараш ба Токио бо Ноиби Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) хонум ИМОТО Сачико мулоқот намуд.

Зимни он ҷонибҳо дар бораи робитаҳои судманди дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) ва инчунин амалисозии тарҳҳо дар бахши энергетика дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg