26 сентябри 2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа дар нахустин Муколамаи вазирони иқтисод ва энергетикаи кишварҳои “Осиёи Марказӣ+Япония дар Токио, Япония ширкат намуд.
Дар муколама мавзӯъҳои эҷоди ҷомеаи сифри холис (Net-Zero) дар Япония ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, сиёсатҳои гузариши энергетикӣ ва инчунин лоиҳаҳои эҳтимолии гузариши энергетикӣ бо иштироки Япония мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.