Иштирок дар Форуми Сабзи Ҳадафҳои рушди устувор дар донишгоҳи Тойо

14.10.2022 02:15

13 октябри 2022, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов дар сессияи алоҳидаи Форуми Сабзи Ҳадафҳои рушди устувор дар донишгоҳи Тойо бахшида ба лоиҳаи Рушди системаҳои гармидиҳии бекарбон бо истифодаи манбаҳои гармии зеризаминӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли татбиқ қарор дорад, иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.

Дар суханронии худ, Сафир дар бораи сиёсатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рушди илму техника, саноаткунонии кишвар ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ҳамчунин ҳозиринро бо таърихчаи оғози лоиҳаи мазкур, ки аз сафари Сафир ба Донишгоҳи Акита соли 2019 сарчашма мегирад, ошно намуд. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Рушди системаҳои гармидиҳии бекарбон бо истифодаи манбаҳои гармии зеризаминӣ дар миқиёси Осиёи Марказӣ аввалин буда, аз рӯи паҳнои фарогирии соҳаҳои гуногуни илмиву технологӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар миқиёси глобалӣ беназир мебошад. Лоиҳа дар чаҳорчӯби барномаи SATREPS (Ҳамшарикии илмиву технологӣ барои рушди устувор)-и Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, дар татбиқи он беш аз 50 олиму коршиносон аз 6 донишгоҳу марказҳои тадқиқотии ватаниву ҷопонӣ машғули фаъолиятанд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg