Вебинар бахшида ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон

31.08.2022 14:58

31 августи 2022 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мусоидат ба рушди сармоягузорӣ ва технологияи Ташкилоти СММ оид ба рушди cаноат (ITPO Tokyo, UNIDO) вебинар роҷеъ ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар Ҷопон баргузор гардид.

Сафир М.Ҷалолов бо сухани ифтитоҳи вебинарро ҳусни оғоз бахшида, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо рунамо дар бораи имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе дар барои фаъолияташ дар Тоҷикистон ва инчунин намояндаи корхонаи муштараки “Авалин” баромад намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони наздик ба 100 корпоратсия, корхонаҳои бузург ва доираҳои сармоягузории Ҷопон ширкат варзиданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg