18 августи 2022 дар Китобхонаи парлумонии миллии Япония вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Директори генералии Китобхонаи парлумонии миллии Япония ҷаноби Мотонобу Ёшинага баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба барқарор намудани ҳамкориҳои муштарак байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи парлумонии миллии Япония, аз ҷумла ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар самти фаъолияти китобдорӣ ва китобхонашиносӣ, ташкили намоишҳои китоб дар Тоҷикистону Япония ва мубодилаи коршиносон дар тамоми соҳаҳои китобдорӣ табодули назар намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба Китобхонаи парлумонии миллии Япония чанд нусха аз китоби “Хазинаи тиллои тоҷикон” (муаллиф Ҳамрохон Зарифӣ), ки ба тозагӣ ба забони японӣ ба нашр расид, тақдим гардид.