Вохӯрии Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон

20.09.2022 16:08

20 сентябри 2022 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон хонум Йошикава Юуми баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуда, роҳҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва имконоти тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.

Сафир хонум Йошикава Юумиро ба муносибати ба вазифаи нав таъйин гардиданаш муборакбод гуфта, дар амали намудани фаъолияташ комёбиҳо орзу кард.


Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg