23 майи соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, донишманди бузурги ориётабор Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар ҷаҳон таъсис шуд.
Ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми дорои арзиши бузурги фаромиллӣ буда, ҳадафи тақвияти раванди омӯзиш, таблиғ ва ташвиқи осори илмии ин донишманди бузурги ҷаҳонро пайгирӣ мекунад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Лозим ба таъкид аст, ки дар осори илмии Абӯалӣ ибни Сино масъалаи саломатӣ ва беҳдошт мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии инсон, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мероси илмии ӯ васеъ инъикос ёфтаанд. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.
Алҳол дар Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе як ноҳия ба номи ин нобиға номгузорӣ шудааст.
Ҳамзамон, ҳар сол 18 август тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми муҳим дар самти муаррифии илми тибби тоҷикону ориётаборон ва бузурдошти хотираи ниёкони фарзонаамон буда, бори дигар собит месозад, ки шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоир дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фармони худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додаанд, ки фонди Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро ташкил ва низомномаҳои онро таҳия ва тасдиқ намояд.
Ба Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб донишмандоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
