20 майи соли 2026 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба Созмони ҳамкории Шанхай Меҳрдод Киёӣ баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷории рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
