16 майи соли 2026 дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Фирдавсӣ маҳфили илмиву фарҳангӣ бо ҳузури устодону пажӯҳишгарон ва алоқамандони забону адабиёт баргузор гардид. Дар суханрониҳои сухангӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Фотима Муҳоҷиронӣ, донишмандони маъруфи эронӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Муҳаммад Дабири Муқаддам, Маҳмуди Футуҳӣ, ҳамчунин дар паёмҳои муҳаққиқон ва донишҷӯёни забони форсӣ аз кишварҳои хориҷӣ мақоми забони форсӣ дар фарҳангу тамаддуни эронӣ ва пайвандҳои маънавии форсизабонони ҷаҳон таъкид гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, ки аз суханронони дигари ин маҳфил буд, бо табрики Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Фирдавсӣ ба мардуми шарифи Эрон ва форсизабонони ҷаҳон, муштарак будани ин забонро барои эрониён, тоҷикон ва халқҳои дигари ориёӣ аз муҳимтарин мушаххасоти он номид. Сафир ин забони муштаракро ганҷинаи нодири тақсимнопазир ва сарвати миллии форсизабонон унвон карда, ҳамвора нишони кистиву чистии ақвоми ориёӣ дар масири таърих будани онро таъкид намуд. Бо ин забон бузургони адабу фарҳанги гузашта, мисли Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Низомӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо номоварони дигар осори оламгири худро офаридаанд, ки он мояи ифтихору нозиш ва сарафрозии форсизабонон дар қаламрави шеъру сухан ва адабу фарҳанги ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Дар идома Сафири Тоҷикистон ба баррасии вазъ ва мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун гунаи фарорудии забони муштараки форсизабонон пардохт ва изҳор кард, ки дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон бо ибтикороти хушоянди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаи ҷадид дар рушди забони тоҷикӣ шурӯъ гардид, доираи истифодаи он густариши тамом пайдо кард, бо қабули қонуни вижа забони тоҷикӣ дар маснади забони давлатӣ қарор гирифт ва ҷиҳати посдошташ рӯзи 5 октябр дар тақвими ҷашнҳои кишвар Рӯзи забони давлатӣ эълом гардид.
Таъкид гардид, ки худи Президенти Тоҷикистон китоби дуҷилдае бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” таълиф карданд, ки ҳадаф аз он таҳқиқ ва таблиғу ташвиқи забони муштараки мо чун муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ ва ҳастии миллат, посдошти мақоми волои он дар олами маънавиёти тоҷикон ва форсизабонон аст. Афзун бар ин, бо ҳидоятҳои ҳувиятсози Пешвои миллат имрӯз дар Тоҷикистон иҷрои барномаҳои таблиғу бузургдошти нобиғагони забону адаби муштараки мо ба ҳукми суннати нек ворид шудааст, Мисоли равшани ин барномаҳо чопи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор давраи дуҷилдӣ ва эҳдои он ба ҳар як хонаводаи тоҷик аст, ки бо ҳадафи тақвияти ҳофизаи таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва огоҳии ҳар як фарди миллат аз ҳикмати “Шоҳнома” сурат гирифт. Чанде пеш ибтикороти дигари Президенти муҳтарами Тоҷикистон, дар бораи таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе эълон гардиданд, ки ҳамон ҳадафҳои неки посдошти забон, адабиёт, таърих ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигари ориёиро пайгирӣ мекунанд.
Дар фарҷом Сафири Тоҷикистон тасмими давлати кишвари бародару ҳамзабонро доир ба таъсиси “Хонаи Шоҳнома” дар ҳар як вилояти Эрон ба ҳозирин табрик гуфт ва изҳор кард, ки ҳифз намудани забону адабу фарҳанги муштараки мо аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ имрӯз вазифаи ҷонии мо – соҳибзабонон аст.