Вохӯрии Сафир бо Муовини вазири умури хориҷаи Эрон

04.05.2026 17:30

4 майи соли 2026 дар шаҳри Теҳрон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Козими Ғарибободӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, табодули афкор доир ба густариши робитаҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Эрон таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg