Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Ассамблеяи Парлумонии Осиё

02.05.2026 09:50

2 майи соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Н.Зоҳидӣ бо Дабири кулли Ассамблеяи Парлумонии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо Ассамблеяи Парлумонии Осиё баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии талошҳо дар чаҳорчӯби Ассамблеяи Парлумонии Осиё метавонад ба таҳкими субот, амният ва рушди устувор дар минтақа мусоидат намояд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои обу иқлим ва энергетикаи сабзро дар чаҳорҷӯби Ассамблеяи Парлумонии Осиё таъкид намуд. Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои узв, мубодилаи таҷриба ва баргузории чорабиниҳои муштараки байнипарлумониро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот омодагии тарафҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Осиё изҳор гардид.

Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи Парлумонии Осиё 44 кишвари узв ва 12 кишвари нозирро дар бар мегирад. Дабирхонаи он дар шаҳри Теҳрон қарор дорад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg