Мулоқот дар бораи ҳамкориҳои варзишӣ ва рушди ҷавонон байни Тоҷикистон ва Эрон

06.04.2026 11:26

6 апрели соли 2026 дар доираи Форуми 8-уми Этноспорт, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Дунёмалӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ду кишвар ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки ин робитаҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ ва забонӣ устувор буда, заминаи мусоиди густариши ҳамкориҳои судмандро фароҳам меоранд.

Шокирзода Муҳаммадтолиб зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои ҷавонон ва варзиш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва таҳкими тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ фароҳам буда, татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025–2026, имкониятҳои навро барои густариши робитаҳо фароҳам меорад.

Ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои рушди варзишҳои миллӣ, аз ҷумла зӯрхона ва гӯштингирӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии муштарак арзёбӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид гардида, ҳайати эронӣ барои боздид ва иштирок дар чорабиниҳои соҳавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg