4 январи соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сардори Идораи Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Қубодӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҳамкориҳои дуҷониба дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, дурнамои робитаҳо барои соли 2026 дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
