Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар Теҳрон

30.11.2025 18:57

30 ноябри соли 2025 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Субҳонӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот аз рушду тавсеаҳои ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Эрон ибрози қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон зарурати татбиқи амалии тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда миёни ду ҷониб таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар ва баргузор намудани нишастҳои байниидоравӣ изҳори омодагӣ намуданд. 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg